Вучич гуфт, ки имкон дорад соли 2023 иқтисодиёт дар ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Чин паст равад

Январь 5, 2023 11:49

ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Сербия Александр Вучич гуфт, ки барои Аврупо ва ҷаҳон соли 2023 аз соли 2022 мушкилтар хоҳад буд. Дар бораи интизориҳои худ вай зимни нишасти матбуотии ҷамъбастии ҳарсола сухан гуфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Бояд бигӯям, ки ман гумон дорам соли 2023 дар сатҳи аврупоӣ ва ҷаҳонӣ назар ба соли 2022 хеле мушкилтар мешавад”,- гуфт Вучич. Вай ёдовар шуд, ки ИМА ва Аврупо ба таназзул наздик мешаванд, инчунин суръати рушди иқтисоди Чин паст мефарояд.

Қаблан сармоягузори амрикоӣ Ҷим Роҷерс гуфта буд, ки солҳои наздик дар Иёлоти Муттаҳида таназзули шадид оғоз мешавад.

ДАР АКС: Александр Вучич. Акс: Global Look Press

Январь 5, 2023 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид