14-17 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон фаромадани тарма дар назар аст

Февраль 14, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14-17 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук пешгўӣ мегардад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук,  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона  8+10 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 14, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд