20 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон соҳиби дипломи такмили ихтисос шуданд

Февраль 8, 2023 18:28

ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи кории Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз моҳи январ курси таълимӣ таҳти унвони «Усулҳои фаъоли таълим» барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд, 7 феврал курси мазкур ҷамъбаст шуда, беш аз 20 нафар омӯзгорон соҳиби дипломи такмили ихтисос гардиданд.

Дар курси мазкур омӯзгорони беш аз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода фаро гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти баргузории омӯзишҳо, машғулияти амалӣ, лексияҳо, экскурсияҳои таълимӣ, машваратҳои фардию гурӯҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, ҳамоишҳои илмию методӣ ва ғайра пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ  менамояд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Февраль 8, 2023 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид