30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Зиёда аз 2000 нафар хонандагон аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 2000 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани боздид (экскурсия)- иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон ҷиҳати тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ баъди хатми муассисаи таълимӣ мебошад.
Ин амал ба баланд бардоштани рўҳияи наврасону ҷавонон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, шиносоӣ пайдо намудан бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, хосатан пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо равона гардидааст.
Зимни боздид (экскурсия) хонандагон бо дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, имконияту шароити сарбозону афсарон ва яроқу аслиҳаи низомӣ шинос гардида, ҳамзамон байни ҷавонони синни даъватӣ ва сарбозон мусобиқаҳои варзишии дӯстона баргузор карда шуданд.
Иқдоми мазкур минбаъд низ идома меёбад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе









Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






