30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар шаҳри Гулистон бо сарбозони қисми ҳарбӣ вохӯрӣ доир карда шуд
СУҒД, 19.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон хабар доданд.
Иштирокдорони ҷамъомад доир ба таърихи таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули Артиши миллӣ сухан намуданд.
Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати начандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши онро таъмин менамояд. Мо таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ гардидем.
Дар ин давра навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз қабили қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ таъсис ёфта, ба такмили сохторҳои таъйиноти махсуси зудамал диққати махсус дода шуд.
Дар вохӯрӣ бонувони Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба сарбозон маҳсулоти нониву қаннодӣ, мевагӣ ва шириниҳо тақдим намуда, ҳамзамон аз шароити будубоши сарбозон дидан карданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






