АЗ ТАЪКИДҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАВРИДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Февраль 20, 2023 09:05

АЗ ТАЪКИДҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАВРИДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ:

***

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки таърихномаи начандон тӯлонӣ, вале пур аз саҳифаҳои шуҷоату далерӣ доранд, фаъолияти худро соли 1993 дар марҳилаи ниҳоят мураккаби давлатдории навини халқи тоҷик ҳамчун ниҳоди асосии ҳимояткунандаи сохти конститутсионӣ ва таъминкунандаи тамомияти арзии мамлакат оғоз кардаанд.

***

Артиши миллӣ, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба неруи воқеан муосир ва ҳомии истиқлолу озодии давлати тоҷикон, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии орому осудаи мардуми тоҷик табдил ёфтаанд.

***

Фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бо ҷоннисорӣ, ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории фарзандони содиқи Ватан- хизматчиёни  Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  фароҳам омада,  ҳимояи он имрӯз ҳамчун вазифаи масъулиятноку бошараф ба зиммаи онҳо вогузор гардидааст.

***

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар мамлакат  саҳми воқеан таърихӣ гузошт.

***

Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мебошад.

***

Мо бо афсарону сарбозони далеру ҷасури Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли худ, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик мебошанд, ифтихор мекунем.

***

Мо аз саҳми басо арзишманди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорон дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои бузургу таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи марзҳои муқаддаси давлати тоҷикон, таъмини амнияти давлат ва халқи Тоҷикистон ҳамеша сипосгузорем.

***

Мо бо хизмати софдилонаву ватандӯстонаи низомиёни мамлакат, яъне фарзандони далеру ҷасур ва ғаюру шуҷои миллат ифтихор мекунем.

***

Мардум ва давлати Тоҷикистон дар симои ҳар хизматчии ҳарбӣ ва ҳар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳомии зиндагии осуда, муҳофизи амният, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимоягари манфиатҳои милливу давлатиро мебинанд.

***

Эътимоду умеди мардум ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.

***

Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлолу озодии Ватан, кафолати зиндагии ороми мардум ва рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд.

***

Дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳимми амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд.

***

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басе арзишманд доранд.

***

Мо ифтихор дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор мераванд.

***

Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки ҷумҳуриро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем.

***

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат бо сарбаландӣ мебароянд.

***

Имрӯзҳо, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ бисёр мураккабу печида гардонидаанд, мо бояд ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо истифода аз тамоми захираву имконият иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем.

***

Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

***

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми мамлакат  тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

***

Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

***

Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд.

***

Ман ба нангу номуси ватандорӣ ва ғайрату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибихтиёр эътимоди комил дорам ва бо итминон изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ аз уҳдаи рисолати пурифтихори худ ва қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан ва халқи тоҷик сарбаландона мебароянд.

***

Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик, яъне давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон сафарбар сохта, истиқлоли давлатӣ — ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии баланд истиқбол мегиранд.

***

Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат  саҳми бузург доранд.

***

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат, фурӯ нишонидани ошӯбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ва даҳҳо амалиёти махсус садоқати худро ба Ватан борҳо собит кардааст.

***

Воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи моро водор мекунад, ки аз пештара дида, зираку ҳушёр бошанд, омодагии ҷангиро ҳамеша дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доранд ва қодир бошанд, ки мувофиқи вазъият амал карда тавонанд.

***

Ватандӯстӣ бояд сифати ҷудоинопазир ва эҳсоси қалбии ҳар  хизматчии ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон бошад. Яъне мо Ватани маҳбубамонро на бо сухан, балки бо қалби худ дӯст дорем.

***

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимми он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф — ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.

***

Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд.

***

Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ,        пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

***

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик ҳамеша содиқона хизмат намоянд.

***

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони шуҷои мо минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ, давлат, Ватан ва миллат содиқ монда, вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда, яъне ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон, истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии орому осудаи халқи Тоҷикистонро бо сарбаландӣ, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Февраль 20, 2023 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш