Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм: 900 муассисаи таълимӣ аз санҷиши сатҳи сифати таҳсил гузаронида шуд

Февраль 9, 2023 10:58

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати муайян намудани сифати дониш ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён соли 2022 900 муассисаи таълимӣ аз санҷиши сатҳи сифати таҳсил гузаронида шуданд, ки нисбат ба соли 2021 80 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода иттилоъ дод.

Икром Субҳонзода иброз дошт, ки «аз натиҷаи санҷишҳо маълум гардид, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар самти асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва таъминоти кадрии муассисаҳои таълимӣ, ки омилҳои асосии баландбардории сифати таҳсил маҳсуб мешаванд, тағйироти мусбат ба мушоҳида мерасад».

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ амали иҷозатномаи 15 муассисаи таълимӣ, ки ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқат намекарданд, тибқи дархости муассисон дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовара бозхонд ва қатъ карда шуд.

Соли 2022 дар асоси дархости 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба пешбурди фаъолияти таълимии 7 ихтисоси нав, 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба пешбурди фаъолияти таълимии 57 ихтисоси нав ва 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба пешбурди фаъолияти таълимии 48 ихтисоси нав аз ҷониби Агентӣ иҷозат дода шуда, ба замимаи иҷозатномаҳои ин муассисаҳо тағйирот ворид карда шуд.

Дар маҷмӯъ, агарчи сифати дониш ва сатҳи донишазхудкунӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутаносибан хуб аст, вале ҳанӯз нокифоя арзёбӣ мегардад, зеро ба талаботи меъёрҳои муайяншуда ҷавобгӯ нест.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар раванди гузаронидани аттестатсияи давлатӣ ва санҷиши сатҳи сифати таҳсил аз ҷониби кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ тавсияҳо дода шуда, ёрии амалию методӣ расонида шуд. Инчунин оид ба баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2023 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Осори Робиаи Балхӣ ба 10 забони хориҷӣ тарҷума карда шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид
Дар Сеул оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ доир гардид
Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба донишгоҳҳои Узбекистон оғоз намуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст