Агентии обуҳавошиносӣ: «Соли гузашта 365 пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии онҳо 93%-ро ташкил медиҳад»

Февраль 1, 2023 11:23

ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 365 пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии онҳо 93%-ро ташкил медиҳад. Дар ин хусус дирўз зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар Агентии обуҳавошиносӣ айни ҳол 54 адад стансияҳои ҳавосанҷӣ ва 98 адад дидбонгоҳи обченкунӣ фаъол мебошанд. Аз ҷониби Агентӣ ҳамарӯза воридшавии маълумотҳои стансияҳову дидбонгоҳҳои обуҳавосанҷии худкор аз Маркази ҷамъоварии маълумотҳо назорат карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки соли гузашта дар асоси мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ 800 офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2021 91 ҳодиса зиёд мебошад. Дурустии пешгӯиҳои зуҳуроти хавфноки обуҳавосанҷӣ 74%-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 4,7% зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки соли сипаришуда оид ба якбора баландшавии сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ ва эҳтимолияти бавуҷудоии обхезӣ 11 маротиба огоҳӣ дода шуд, ки дар 9 ҳолат якбора баландшавии оби дарёҳо ва бавуҷудоии обхезӣ ба қайд гирифта шуд. Натиҷаи пешгӯиҳо нишон медиҳад, ки дурустии онҳо ба 82% баробар буда, нисбат ба соли 2021 4% зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2023 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид