Ҳайати Малайзия барои иштирок дар Конфронси оби СММ-2023 даъват карда шуд

Февраль 16, 2023 10:30

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Малайзия барои иштирок дар Конфронси оби СММ-2023, ки моҳи март таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Ню-Йорк баргузор мегардад, даъват карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

14 феврал мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Малайзия, инчунин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Малайзия бо роҳбарияти вазорати захираҳои табиӣ, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот сафирони Тоҷикистон ва Нидерланд дар бораи раванди тадорукот ба Конфронси оби СММ-2023 маълумот дода, даъват намуданд, то ҷониби Малайзия дар Конфронси таърихии дарпешистода дар сатҳи муносиб иштирок намояд ва ҳамчунин тибқи Рӯзномаи амал дар соҳаи захираҳои об тадбирҳо андешад.

Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар сурат гирифт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 16, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид