Амалиёти низомии «Марз-2021» бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон дорои неруи пуриқтидори ҳарбӣ аст

Февраль 23, 2023 18:42

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Мояи ифтихор аст, ки дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии  мамлакат соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд. Чунин иброз доштааст котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод дар мақолаи хеш бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Маъракаи густурдаи низомии «Марз-2021» собит намуд, ки воқеан Тоҷикистон дорои неруи мустаҳками ҳарбӣ буда, бо истифода аз он дар ҳар шароите қодир аст, ки сулҳу суботи мамлакатро таъмин намояд. Гузашта аз ин, тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ собит намуданд, ки бо матонату ҷасорат ва ғурури баланди тоҷикона омодаанд, ки ба қимати ҷон истиқлол ва оромии Ватанро гиромӣ ва ҳифз намоянд.

Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рӯ ба рушд оварда, рӯзгори мардум обод гаштааст ва сокинони мамлакат шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигаранд.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Қувваҳои мусаллаҳи хеш чун неруи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунанд.

Маҳз бо боварию эътимоди қавӣ Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш иброз намуданд, ки «мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд».

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро 30 сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат дар майдони холӣ аз сифр таъсис дода шуд.

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми ҷумҳурӣ тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон ҳамеша омода бошем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлоли давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем.

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат бо сарбаландӣ мебароянд.

То имрӯз дар дохили ҷумҳурӣ ва дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ беш аз даҳ ҳазор кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи низомӣ  тайёр кардаем. Ҳоло боз ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои тайёр кардани кадрҳои ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат таҳсил карда истодаанд.

Ҳифз ва ҳимояи Ватан, муҳофизати арзишҳои миллӣ, масъул будан дар оромию осоиштагии мамлакат вазифаи ҷонии ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Мо бояд шукронаи ин давлату миллат намуда, дар канори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри шукуфоии бештари сарзамини аҷдодиямон саҳм гузорем.

Маъмури ЮСУФЗОД,
котиби матбуоти Раиси
шаҳри Хуҷанд

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2023 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ХУРШЕДИ МУЛКПАРВАРУ СУЛТОНИ ДОДГАР
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ. Он ба истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
Иқтидори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳамбастагӣ бо халқ аст!
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид
Мактаби сиёсии Пешвои миллат дар заминаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон