Ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ангишт тақсим карда шуд

Февраль 27, 2023 15:03

ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ  зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки навбатӣ расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.  

24 феврал дар шаҳри Хоруғ комиссияи махсус таъсис дода шуда, ба ҳар оилаи аз офати табиӣ зарардида  1500 кг ва дар маҷмуъ ба ҳамаи онҳо  48 тонна ангишт  кумак карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят кумак расонида шуд.    Дар маҷмуъ, дар натиҷаи ин офати табиӣ аҳолӣ дар  шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа зарар дидаанд.

Кумак дар ҳаҷми  40 тонна  буда, асосан  либоси зимистона, пойафзол, хӯрокворӣ ва кати хобро дар бар мегирад.

Тибқи нақша  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба хонаводаҳои зарардида дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ  боз кумак мерасонад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2023 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид