Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд

Ноябрь 12, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ ҳафтаи ҷашниро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, дар назди устодону донишҷӯён сухан намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, муовини Сарвазири мамлакат оид ба Рӯзи Президент ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар карда, нақши ин рӯйдодҳои сарнавиштсозро дар эҳё ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон таъкид намуд. Хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сохторҳои ҳокимият, таъмини сулҳу субот ва ба ҳам овардани ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки дар марҳилаи ҳассоси таърихи ҷумҳурӣ иродаи устувори сиёсӣ, дурандешӣ ва масъулияти баланди давлатдории Сарвари давлат барои пешгирии хатари парокандагии мамлакат, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда доштанд. Таҳкими аркони давлатдорӣ ва барқарор гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки ҷомеа ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ворид гардад.

Дар ин робита ба хизматҳои Президенти мамлакат дар пешбурди ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ишора гардид.

Дилрабо Мансурӣ рушди илму маориф ва омодасозии кадрҳои соҳибмаърифатро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки тавсеаи имконияти таҳсил, ба роҳ мондани квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» ва тадбирҳои дастгирии истеъдодҳо ба тақвияти неруи зеҳнии ҷомеа ва тарбияи насли дорои донишҳои муосир мусоидат мекунанд.

Ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми занон, таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва истифодаи неруи касбии занону духтарон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Муовини Сарвазир фароҳам овардани шароит барои таҳсили духтарон ва ҷалби занони болаёқату кордон ба вазифаҳои роҳбариро аз натиҷаҳои сиёсати пайгиронаи давлат дар ин самт маънидод намуд. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ карда шуданд. Иброз гардид, ки ин иқдомҳо бо ҳимояи манфиатҳои умумибашарӣ пайванди мустақим дошта, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти ҳаётан муҳими инсоният ҷалб менамоянд.

Ҳамчунин ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ ва посдории мероси таърихию фарҳангӣ аз омилҳои таҳкими худшиносии ҷомеа арзёбӣ гардиданд. Дар ин замина, омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат барои ҷавонон ба маънои дарки арзиши истиқлолият, қадршиносии сулҳу субот ва эҳсоси масъулият дар назди наслҳои гузашта, имрӯз ва ояндаи Ватан шарҳ дода шуд.

Ҳафтаи ҷашнӣ дар академия ба арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат ва омӯзиши таҷрибаи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшида шудааст. Дар доираи он баргузории чорабиниҳои илмию маърифатӣ бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони ҷомеаи илмӣ, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ ва коршиносон пешбинӣ гардидааст.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид