ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Президенти мо – ифтихори мо» ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокдорон бо намоиши асарҳо ва маводи марбут ба фаъолияти давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос гардиданд. Ҳамчунин аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи аксияи ноҳиявӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотию таблиғотӣ тақдим карданд.
Иброз гардид, ки ин санаҳо дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи махсус доранд. Рӯзи Президент рамзи эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамбастагии ҷомеа мебошад. Баромадкунанлагон ба аҳаммияти таърихию сиёсии ин сана таваҷҷуҳ намуда, нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани заминаи сулҳу субот муҳим арзёбӣ намуданд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихи мамлакат барои муайян намудани самти минбаъдаи рушди давлатдорӣ замина гузошт. Дар он замоне, ки Тоҷикистон ба гирдоби буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда буд, қабули қарорҳои тақдирсоз барои ҳифзи давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот ва таъмини ягонагии мамлакат аҳаммияти ҳалкунанда дошт.
Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин иҷлосия оғози марҳалаи нави давлатсозӣ гардид. Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат раванди барқарорсозии сулҳу ризоияти миллӣ, бозгашти гурезаҳо, эҳёи иқтисодиёт ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ вусъат гирифт. Бинобар ин, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, дарки арзиши сулҳ, ваҳдат ва истиқлоли давлатиро тақозо менамояд.
Дар идомаи ҳамоиш филми ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти давлатдорӣ, корномаҳо ва хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд. Филм роҳи тайкардаи кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ ва марҳалаҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ бозгӯйӣ намуд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии ташаббусҳои созанда ва баланд бардоштани масъулияти ташкилоти ҳизбӣ ғолибон дар номинатсияҳои «Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол», «Ташкилоти ибтидоии фаъол», «Вакили ташаббускор», «Корманди фаъол», «Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ», «Хабарнигори варзида», «Ташкилоти ибтидоии фаъол байни шаҳраку маҳаллаҳо» ва «Маҳаллаи ташаббускор» бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ























Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






