БАХШИДА БА МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГИРИФТАНИ ГӮШТИНИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ. Дар ноҳияи Панҷ мусобиқаи гӯштингирӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба мақоми байналмилалӣ касб кардани гӯштини миллии тоҷикӣ 4 феврал дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва бахшида ба мақоми байналмилалӣ ирифтани гӯштини миллии тоҷикӣ доир карда шуд.
Дар анҷоми мусобиқа ба ғолибону беҳтаринҳо, ки ба мусобиқаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд, ҷоизаву туҳфаҳои кумитаи тадорукот тақдим карда шуданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин мусобиқа, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи гӯштини миллӣ, оммавигардонии ин намуди варзиши аҷдодӣ ва тарзи ҳаёти солим миёни сокинон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.
Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор шуд. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуда, мунтазам рушд меёбанд.
Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат соли 2015 зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони мамлакат ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд.
Таваҷҷуҳ ва иштироки бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин чорабиниҳо гувоҳи возеҳи он буд, ки гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) тавонист қаламрави худро васеъ намояд ва мақоми байналмилалиро соҳиб шавад.
АКС: ТВ «Варзиш»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






