Бар асари тӯфони зимистона дар Калифорния садҳо ҳазор манзил бе барқ монд

Февраль 28, 2023 17:37

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳои истироҳатӣ дар Калифорния бар асари тӯфони бесобиқаи зимистонае, ки дар иёлат ба амал омад, қатъи оммавии неруи барқ, обхезӣ ва баста шудани шоҳроҳҳо ва соҳилҳо ба мушоҳида расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба BBC News.

Зиёда аз 120 ҳазор нафар, ки бисёрашон дар минтақаи Лос — Анҷелес зиндагӣ мекунанд, баъд аз чанд рӯзи вазидани шамоли сахт бе барқ мондаанд.

Хадамоти миллии обуҳавосанҷӣ дар бораи бориши шадид ва раъду барқ дар Калифорнияи Ҷанубӣ ва барфи эҳтимолӣ дар минтақаи Шимолии байникӯҳҳо ва Калифорнияи Шимолӣ ҳушдор додааст.

Оид ба ҳалокшудагон ва осебдидагон бар асари тӯфон ҳанӯз гузориш нарасидааст.

Мувофиқи иттилои CNN, обуҳавосанҷон аллакай дар бораи тӯфони нави барфӣ ҳушдор медиҳанд, ки бар асари он дар ғарби ШМА борон ва барфи бештар меборад. То рӯзи сешанбе дар кӯҳҳо эҳтимол боз барф борад. Тӯфонҳои барфӣ ин ҳафта дар қаторкӯҳҳои ғарбӣ шароити хатарнок ё номумкинро барои ҳаракат метавонанд ба амал оранд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои дастрас

Февраль 28, 2023 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд