Барои таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳои Душанбе 170 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст

Февраль 18, 2023 09:55

ДУШАНБЕ, 18.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Чунин иброз дошта шуд 17 феврал зимни нишасти матбуотии Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хабарнигорон.

Гуфта шуд, ки аз ҷумла дар 11 иншооти роҳсозии пойтахт бо дарозии 23,7 километр, 1 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 2,43 километр ва дар 26 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5 км бомаром идома дошта, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2023 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд