Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ самтҳои афзалиятнокро баррасӣ карданд

Февраль 8, 2023 10:09

ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SECO) зимни мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо мудири барномаи макроиқтисодии SECO Рето Вайерманн дар Душанбе баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Роҳбарияти Бонки миллӣ намояндагони SECO-ро бо дастовардҳои охири низоми бонкии Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ шинос намуда, иброз дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ низоми бонкии мамлакат тавонист соли 2022-ро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намояд.

Ҳамчунин аз ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва SECO изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зимнан натиҷаҳои бадастоварда дар доираи марҳилаи якуми барнома оид ба таҳкими бахши молиявӣ, аз ҷумла дар самтҳои таҳкими суботи молиявӣ, воситаҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол ва масъалаҳои андозбандии онҳо, рушди идоракунии корпоративӣ, рушди низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мудири барномаи макроиқтисодии SECO гуфт, ки дар раванди иҷрои марҳилаи якуми барномаи зикргардида комёбиҳои назаррас ба даст омаданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба амалҳои боқимондаи марҳилаи якум ва муҳлатҳои иҷрои он, ҳамчунин оид ба самтҳои эҳтимолӣ барои расонидани кумаки техникӣ дар доираи марҳилаи дуюми барнома оид ба таҳкими бахши молиявӣ изҳори назар намуданд.

Дар мулоқот аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ рӯнамо оид ба раванди татбиқи барномаи мазкур пешкаш гардид. Дар рӯнамо оид ба амалисозии марҳилаи якуми барнома, таҳкими низоми бонкии кишвар, мукаммалсозии идоракунии корпоративӣ ва идорасозии хавфҳо дар ташкилоти қарзии молиявӣ, тақвияти иқтидори назорат аз рӯи фаъолияти низомҳои пардохтӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии ташкилоти қарзии молиявӣ нисбат ба хизматрасонии молиявӣ ба истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат кард.

Аъзои ҳайати SECO аз ҷараёни иҷрои Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ амалӣ гардида истодааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ бо низоми бонкии Тоҷикистон ҳамкории босамарро идома хоҳанд дод.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 8, 2023 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд