Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд

Октябрь 23, 2026 17:25

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22–23 октябр дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон -«Маҷмааи Хуталон» вохӯрии минтақавии бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба рушди низомҳои пардохтӣ баргузор гардид.

Ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ роҳбарон ва мутахассисони соҳавии бонкҳои миллии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Озарбойҷон иштирок намуда, масъалаҳои рушди инфрасохтори пардохтӣ ва татбиқи технологияҳои муосири молиявӣ дар минтақаро баррасӣ намуданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода иброз намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои табодули таҷрибаи пешқадам, муаррифии дастовардҳо ва муайян намудани роҳҳои муштараки такмили низомҳои пардохтӣ, инчунин таҳкими робитаҳои касбӣ байни бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Иштирокдорон масъалаҳои рушди инфрасохтори миллии пардохтӣ, татбиқи технологияҳои рақамии молиявӣ, тамоюлҳои муосири соҳа, пешгирии қаллобӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои кибериро баррасӣ карда, таҷрибаи давлатҳояшонро дар ин самт муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба имконияти густариши ҳамкории минтақавӣ барои  ташаккули инфрасохтори муосиру боэътимоди пардохтӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисон табодули афкор доир шуд.

              АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 23, 2026 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст