Дар Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди сайёҳӣ барои солҳои 2023-2026 амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 24.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар пойтахт нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2026 тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи нақша, давоми солҳои 2023-2026 дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои мухталиф, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ ва фестивалу озмунҳо баргузор шуда, муосиргардонии иншооти соҳа низ дар назар дошта шудааст.
Мақсад амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур таъмини шароити мусоид баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании пойтахти мамлакат ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, соли 2022 192 ҳазор меҳмонон аз хориҷи мамлакат аз шаҳри Душанбе боздид намудаанд, ки нисбат ба соли 2021 2 маротиба зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки соли сипаригардида бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 65 барнома доир карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






