Дар Душанбе оид ба ҷараёни иҷрои муқаррароти Кодекси андози Тоҷикистон пас аз як соли амали он ҳамоиш доир гардид

Февраль 16, 2023 13:27

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Яке аз ҳадафҳои қабули Кодекси андоз — ин бо назардошти таҷрибаи дигар давлатҳо беҳтар намудани сатҳи рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ тавассути аз қонунгузорӣ хориҷ намудани имтиёзҳои бесамар ва инфиродӣ ва фароҳам овардани фазои боадолатона ва мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад. Ин нукта имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Рафти иҷрои муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз як соли мавриди амал қарор гирифтани он» баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Ҳамоиши мазкур таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз,  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб  баргузор карда шуд.

Раиси кумитаи  Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода   иброз намуд, ки «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, ҳамчунин содаю оммафаҳм намудани он таҳия ва қабул гардидааст».

Кодекси андоз дар таҳрири нав аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб, 399 модда иборат буда, дар муқоиса бо Кодекси андози қаблӣ шумораи қисмҳо бетағйир, фаслҳо 3 адад кам, ҳамзамон шумораи бобҳо 7 адад ва моддаҳо 70 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, инчунин таъмини шаффофият дар ин раванд ҳадди даромади андозбандинашавандаи шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шудааст.

Инчунин меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 — ба андозаи 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 ба андозаи 13 фоиз пешбинӣ шудааст, ки камшавии меъёри андоз нисбат ба меъёри қаблӣ мутаносибан 3, 4 ва 5 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда аз фурўши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо меъёри 5 фоиз пешбинӣ карда шуд, ки нисбат ба меъёри қаблан амалкунанда 13 фоиз кам мебошад. Инчунин меъёри андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ низ 7 фоиз (меъёри пасткардашуда) пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади таъмини шаффофияти баҳисобгирӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ, дар ҳисобот нишон додани шумораи воқеии кормандон ва музди миёнаи меҳнат меъёри андози иҷтимоӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ аз 25 то ба 20 фоиз паст карда шудааст.

Баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани  Кодекси андоз дар таҳрири нав тағйиру иловаҳои зерин қабул гардиданд:

-ҷиҳати то 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод намудани замини тутзор ва аз пардохти андозҳо озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, инчунин аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кардани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба мамлакат, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо.

Бо мақсади рушди самараноки иқтисоди «сабз», истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод карда шуданд.

Ҳамзамон тағйиру иловаҳои дигари ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида ҷиҳати солимгардонии корхонаҳои соҳаи ҳавопаймоӣ ва мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси андоз бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд.

Дар баробари ин, дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 тасдиқ гардидааст, нисбат ба тақвият бахшидани фаъолияти ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ки ба зиёд гардидани хатсайрҳои ҳавоӣ ва ташрифи шумораи зиёди сайёҳон ба Тоҷикистон заминагузор мебошад, диққати махсус зоҳир гардидааст.

Қабули тағйиру иловаҳои мазкур барои баланд бардоштани устувории хатсайрҳои ҳавопаймоӣ, кам намудани арзиши хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ, инчунин барои аз байн бурдани ихтилофи назар дар татбиқи муқаррароти Кодекси андоз мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси андоз бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба муайян намудани ҳадди ақалли иҷорапулии молу мулк ба қисми 12 моддаи 21 Кодекси андоз тағйирот пешбинӣ карда шуд.

Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ба рушди устувори иқтисодии мамлакат  бо роҳи фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии мамлакат, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, ба зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар ҷаласа муовини Вазири молия Карим Гулмуродзода, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода,  муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Суҳроб Сафарзода сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 16, 2023 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад