Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаи ҳушмандсозии идораи шаҳрдорӣ баррасӣ шуд

Февраль 6, 2023 13:01

 ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохтори сайёҳӣ, технологӣ, густариши равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷонибаро баррасӣ намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе.

Зимни вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари барномаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод Рето Вайерманн ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи барномаи «Роҳбурди Швейтсария дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2023-2025»  изҳори ҳавасмандӣ  намуданд.

Инчунин вохӯрии ҳайати шаҳрдорӣ бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо мудири иҷроияи «Бунёди муколамаи Пердана»-и Малайзия Рафӣ Юсуф баргузор карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бунёди мазкур дар бахшҳои инфрасохтори шаҳрсозӣ, технологияи рақамӣ, ҳушмандсозии идораи шаҳрдорӣ, тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карда шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 6, 2023 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад