Дар Мадрид имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания Анҷумани сармоягузорӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: минтақаи рушдёбанда барои ширкатҳои испанӣ» баргузор гардид, ки дар он имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания яке аз ташкилкунандагони ҳамоиши мазкур буд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба иштироккунандагон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои мусоид ва имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ва хизматрасонӣ маълумот пешниҳод гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд






