Дар ноҳияи Мастчоҳ намоиши техникаҳои кишоварзӣ баргузор гардид

Февраль 26, 2023 11:23

ДУШАНБЕ, 26.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар Маркази хизматрасонии техникӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ намоиши техникаҳои кишоварзӣ доир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Барои гузаронидани кишти баҳорӣ ва парвариши зироат дар ноҳия 545 адад техника ва агрегатҳои кишткунанда мавҷуд буда, аз он 103 ададашро тухмипошакҳои тракторӣ ташкил медиҳад. Ҳамаи техникаҳо бо аккумулятор, чароғҳои равшанидиҳанда, сипор ва дигар таҷҳизот барои шудгор  таъмин карда шудаанд.

Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, соли 2023 дар майдони 19 546 гектар кишти зироати баҳорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 12 350 гектарашро кишти чигит ташкил медиҳад.

Дар намоиши техникаҳои кишоварзӣ роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Мастчоҳ иштирок дошта,  ба роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ дастур доданд, ки барои рӯёнидани ҳосили баланди пахта аз пунбадонаи навъҳои серҳосил ва минтақабоб истифода намоянд.

Дар фарҷом механизаторон ва хоҷагидорони беҳтарин бо туҳфаву сипосномаҳои Раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Февраль 26, 2023 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд