Дар Парлумони Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Февраль 22, 2023 11:27

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки «натиҷаи заҳмату хизматҳои ҳомиёни далеру шуҷои Ватан мебошад, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик санаи таърихии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёр таҷлил мекунад. Артиши миллии Тоҷикистон соли 1993 бо ибтикор ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити басе ноорому мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай намуд».

Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки тӯли солҳои гузашта дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҷой доштанд, тадриҷан ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфта, ҳоло ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

Бояд тазаккур дод, ки баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдоми Сарвари давлат, сарфи назар аз ҳама мушкилот, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки яке аз нахустин қарорҳое, ки таҳти раёсати Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ буд. Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату ҳукумат маҳсуб шуда, таърихи таъсиси он ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди абадӣ дорад.

Изҳор гардид, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро дида, дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2023 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид