Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022 баргузор карда мешавад

Февраль 5, 2023 10:28

ДУШАНБЕ, 05.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон баргузор гардида, дар он ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 қадрдонӣ карда мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи мазкур.

Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст. Имсол аз ҷониби комиссияи босалоҳият аз байни  беш аз 40 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо муайян карда шуда, ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида мешавад.

Соли 2022 аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз байни 98 нафар довталабон 21 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ карда мешаванд.

Инчунин дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2022», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Барандаи гранти ҳукуматӣ миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2022», «Беҳтарин волонтёри соли 2022», «Беҳтарин корофари ҷавон дар соли 2022», «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2022», «Беҳтарин намояндаи маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар соли 2022», «Беҳтарин маҳфили доимамалкунандаи назди ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат дар соли 2022» ва «Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2022» дар назар дошта шудааст.

Ҳамасола аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир гардида, 3000 нафар беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ҳамчун ғолиб муайян ва давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 10 нафар ғолибони озмуни мазкур низ дар ин маросим қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар маросим ҳамчунин барномаи фарҳангӣ бо иштироки як гурӯҳ сарояндаҳои машҳури мамлакат пешбинӣ гардидааст.

АКС: Маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 5, 2023 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд