Дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара 1200 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи қисмати чапи шоҳроҳи Душанбе-Данғара дар масоҳати 1,5 гектар 1200 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Дар маъракаи дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, шаҳри Норак, инчунин кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Норак ва зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи хабари манбаъ, ин мавзеъ, ки дар он ниҳоли дарахтони санавбар шинонида шуд, дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷудо гардид.
Баъд аз шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар атрофи мавзеи мазкур марҳила ба марҳила бо симтӯр маҳкам карда мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






