Солҳои 2022-2023 коҳиши ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар назар аст

Февраль 13, 2023 13:56

ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар як хулосаи навшудаи пешниҳод ва талабот нисбат ба ғалладонагӣ Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид пешгӯии худро оид ба истеҳсоли ғалладона дар соли 2022 боло бурд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» хабар медиҳад.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам интизор меравад, ки дар мавсими солҳои 2022-2023 таъминоти ғалладона коҳиш ёбад.

Ҳаҷми истеҳсоли ҷаҳонии ғалла дар соли 2022 2 765 миллион тонна пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,7 фоиз камтар аст. Тағйироти боло бо маълумоти истеҳсолӣ барои Австралия ва Федератсияи Русия нишон медиҳанд, ки истеҳсоли баланди гандум дар соли 2022 ба қайд гирифта мешавад ва интизор меравад, ки истеҳсоли ғалладонагиҳо барои хӯроки чорво нисбат ба як соли қабл 3,3% камтар бошад.

Дурнамои истеҳсоли биринҷ дар ҷаҳон бо таҷдиди назар ба болоравии пешгӯии истеҳсоли Бангладеш ва чанд кишвари дигар танҳо қисман аз истеҳсоли пасттар аз интизорӣ дар Чин ҷуброн карда шуд. Дар натиҷа, истеҳсоли биринҷ дар ҷаҳон метавонад аз сатҳи рекордии соли 2021 2,6% камтар бошад.

Аз рӯи намудҳо барои соли 2023, маълумоти пешакӣ аз афзоиши эҳтимолии майдони гандуми тирамоҳӣ дар нимкураи шимолӣ, бахусус дар ШМА асосан аз ҳисоби болоравии нархи ин зироат шаҳодат медиҳанд. Бо вуҷуди ин, нигоҳ доштани нархи баланди нуриҳо метавонад боиси паст шудани меъёри истифодаи нуриҳо гардад ва ба ҳосилнокӣ таъсири манфӣ расонад.

Дар Федератсияи Русия, ки бузургтарин содиркунандаи ҷаҳон аст, коҳиши нархҳои дохилӣ боиси каме кам шудани кишти гандум мешавад, дар ҳоле ки дар Украина майдони кишти гандуми тирамоҳӣ метавонад 40 дарсад коҳиш ёбад. Дар Ҳиндустон бо сабаби баланд шудани нархҳои бозор ва аз ҷониби ҳукумат кафолат додашуда гандум майдони рекордиро муқаррар мекунад, дар ҳоле ки дар Покистон майдони кишт нисбатан баланд боқӣ мемонад, зеро мушкили обхезии бузурге, ки соли 2022 ба миён омад, нисбат ба пешгӯиҳо камзарартар буд.

Дар кишварҳои нимкураи ҷанубӣ маъракаи кишти қисми зиёди зироати хӯроки чорво барои ҳосили соли 2023 ба анҷом расид. Дар Бразилия афзоиши рекордии майдони кишти ҷуворимакка, дар Аргентина бошад, баръакс, аз сабаби нарасидани намии замин кам шудани онҳо пешбинӣ карда шудааст. Дар Африқои Ҷанубӣ шароити обу ҳаво муътадил мемонад, ки ин ба ҳосили фаровони ҷуворимакка умед мебахшад.

Интизор меравад, ки дар мавсими солҳои 2022-2023 ҳаҷми истеъмоли ғалладонагиҳо дар ҷаҳон нисбат ба соли гузашта 0,7% коҳиш ёфта, 2779 миллион тоннаро ташкил диҳад, ҳаҷми истеъмоли умумии ҷуворимакка коҳиш ёбад, гандум афзоиш ёбад ва биринҷ нисбат ба соли қаблӣ каме тағйир ёбад.

Тибқи пешгӯиҳо, то охири соли равон захираи ғалладона дар ҷаҳон 844 миллион тонна пешбинӣ шудааст, ки захираи ғалладона дар мавсими 2022-2023 таносуби истеъмолро ба 29,5% коҳиш медиҳад.
Дар маълумотномаи худ ФАО пешгӯӣ менамояд, ки дар мавсими солҳои 2022-2023 тиҷорати байналмилалии ғалладона дар муқоиса бо сатҳи рекордии мавсими қаблӣ 1,7% коҳиш ёфта, ба 474 миллион тонна мерасад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, соли 2022 дар Тоҷикистон 905,6 ҳазор тонна гандум истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2021 45,8 ҳазор тонна ё 5,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2022 70 субъекти хоҷагидор ба ҷумҳурӣ 995,5 ҳазор тонна гандум ба маблағи 329,1 миллион доллар бо нархи миёнаи як тонна 331 доллари ШМА ворид кардаанд. Ин назар ба хамин давраи соли гузашта 32,6 ҳазор тонна, ё худ 3,2 фоиз кам мебошад.

Ҳоло дар мамлакат қимати як тонна гандум аз 290 то 318 долларро ташкил медиҳад. Сабаби асосии болоравии нархҳо дар соли 2022 вазъи бозори ҷаҳонӣ мебошад ва дар натиҷа бархе аз кишварҳо ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ содироти гандумро муваққатан манъ карданд.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ

АКС: АБИ «Казинформ»

Февраль 13, 2023 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид