Таҳсил дар хориҷ: имконияти мусоид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия, Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Беларус дар соли таҳсили 2023-2024 барои зинаи бакалавр ва магистратура бурсияҳои таҳсил ҷудо намудаанд. Дар ин хусус Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Аз ҷумла, барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои магистратураи донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия аз рӯйи 16 ихтисос, аз ҷумла, сохтмону шаҳрсозӣ, нанотехнология, кишоварзӣ, биоинформатикаю биотехнология ва ғайра бурсияҳо пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз рӯйи зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул менамояд.
Барои довталабони зинаи бакалавр квотаҳо аз рӯйи 52 ихтисос дар зиёда аз 30 кишвари пешрафтаи ҷаҳон пешниҳод шудаанд.
Инчунин нафароне, ки дар зинаи мутахассис таҳсил кардан мехоҳанд, метавонанд 4 ихтисосро аз муассисаҳои олии Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Беларус интихоб намоянд.
Дар зинаҳои аспирантураву докторантура ва ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ квотаҳо пешниҳод шудаанд.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 1 марти соли 2023 идома меёбад.
Хароҷоти таҳсил, хобгоҳ ва суғуртаи довталабоне, ки аз санҷиши Комиссияи интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мегузаранд, пурра аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.
Довталабоне, ки мехоҳанд ба тариқи бурсия ба донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дохил шаванд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» супоранд.
Талаботи асосӣ барои довталабон донистани забонҳои хориҷӣ ва дониши васеъ дар соҳаи интихобнамуда мебошад.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоед.
Телефон барои тамос: +992 372 232359
АКС: АМИТ «Ховар»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






