Духтари 17-сола дар Туркия пас аз 248 соати заминларза наҷот дода шуд

Февраль 17, 2023 13:06

ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия баъд аз 248 соати заминларзаи харобиовар як духтари 17 -соларо наҷот доданд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Анадолу».

Корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар минтақаи фалокат 12 рӯз боз идома доранд.

Духтарак бо номи Алейна Олмез аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи Каябоши шаҳри Каҳраманмараш наҷот дода шуд. Пас аз расонидани кумаки аввалини табибон ӯро ба беморхона фиристоданд.

Зимни суҳбат бо агентии «Анадолу» яке аз наҷотдиҳандагони Сакария Ҳоҷар Атлас, ки дар наҷот додани духтар иштирок кардааст, гуфт, ки аъзои даста тавонистанд пас аз кори тӯлонӣ ва вазнин то ба назди Алейна рафта расанд.

Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар Туркия ду заминларза бо шиддати беш аз 7 балл ба амал омаданд, ки марказаш Қаҳрамонмараш буд. Таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо дар 10 музофоти кишвар ва инчунин дар давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос карда шуданд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои дастрас

Февраль 17, 2023 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд