ДЗЮДО. Дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон байни калонсолон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 феврал дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо байни калонсолон баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар чемпионат ҳафт даста ва беш аз 250 паҳлавон (230 мард ва 20 бону) аз тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Ғолибон ва ҷоизадорон аз рӯи 14 вазн ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шомил мешаванд.
Бо даъвати роҳбарияти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ҷоизадори бозиҳои олимпӣ оид ба дзюдо Расул Боқиев ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шудааст.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






