ФУТБОЛ. Дар Душанбе марҳилаи якуми курсҳои мураббигӣ барои довталабони иҷозатномаи «С» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи конвенсияи мураббиёни Конфедератсияи футболи Осиё даврҳои омӯзишии мураббигӣ барои дарёфти сертификати «С» оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Даври омӯзиширо дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё Боир Игамбердиев ва ёварони ӯ- дастурдиҳандагони Федератсияи футболи Тоҷикистон Субҳон Хоҷамов ва Алифбек Беромов мегузаронанд.
Тибқи барнома, даврҳо аз ду марҳила иборатанд. Марҳилаи якум аз 22 то 28 феврал идома меёбад. Сипас довталабони иҷозатномаи «С» дар дастаҳо таҷрибаомӯзӣ мегузаранд. Марҳилаи дуюми курсҳо аз 11 то 17 март баргузор мешавад.
Содатшо Бодуров, Абдухалил Боронов, Комрони Мирзохон, Шерзод Набиев, Тоҳир Саримсоқов, Екатерина Исаева, Беҳзод Шодиев, Фирӯз Қаҳҳоров, Ҷаҳонгир Мирзоев, Фурқат Ашӯров, Дилшод Давлатов, Муҳаммадрофеъ Азимов, Улуғбек Орипов, Муҳаммад Махатов, Бахтовар Изатов, Файзиддин Ҳусейнов ва Комрон Ҳусейнов барои сертификати дараҷаи «С» довталаб ба ҳисоб мераванд.
Барномаи курсҳои мураббигӣ дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дар охир довталабон имтиҳон месупоранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






