ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозиро бо дастаи ЛКС-и Лаҳистон мусовӣ кард

Февраль 1, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси беларус Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Анталия бозии сеюми санҷишӣ баргузор кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

31 январ дастаи ҷавонони мо бо пешсафи дивизиони якуми Лаҳистон- дастаи ЛКС-и шаҳри Лодзи рақобати санҷишӣ гузаронд. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 26-ум Амадонӣ Камолов кушод. Дар ибтидои нимаи дуюм Петр Янчукович таносубро барқарор сохт.

Барои дастаи Олег Кубарев ин сеюмин бозии санҷишӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия буд. Қаблан дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонаш аз Ироқ мусовӣ (0:0) карда, аз бошгоҳи Суперлигаи Узбекистон «Бухоро» (1:3) шикаст хӯрд.

Бозии санҷишӣ

 ТОҶИКИСТОН (U-20) – ЛКС (Полша) – 1:1

 Голҳо: Амадонӣ Камолов, 26 (1:0). Петр Янчукович, 47 (1:1).

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Ахтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Азизбек Ҳаитов, Салоҳиддин Иргашев, Амадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Сунатулло Азизов.

31 январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслан Зеки Демирчӣ».

Акс: ФФТ

Февраль 1, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд