Имрӯз дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022 баргузор шуд

Февраль 6, 2023 18:42

ДУШАНБЕ, 06.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва  ҳавасманднамоии  ғолибони озмунҳои соҳавии  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст. Имсол аз ҷониби комиссияи босалоҳият аз байни беш аз 40 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо муайян гардида, дар фазои тантанавӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамзамон 21 нафар ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадрдонӣ карда шуданд.

\
Инчунин дар маросим нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2022», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Барандаи гранти ҳукуматӣ миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2022», «Беҳтарин волонтёри соли 2022», «Беҳтарин корофари ҷавон дар соли 2022», «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2022», «Беҳтарин намояндаи маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар соли 2022», «Беҳтарин маҳфили доимамалкунандаи назди ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат дар соли 2022» ва «Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2022 » ҳавасманд гардонда шуданд. Аз ҷониби Кумита 10 нафар ғолибони озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мукофотонида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар

Февраль 6, 2023 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд