Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад

Февраль 3, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанад пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан ҳолатҳо борон меборвд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 3, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд