Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон: «Китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ аз барномаи «Антиплагиат» гузаронида мешаванд»

Февраль 21, 2023 10:44

ДУШАНБЕ, 21.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимиеро, ки аз ҷониби шуъбаи тахассусии комиссия зери шубҳа қарор мегиранд, аз барномаи «Антиплагиат» гузаронад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ дар Комиссияи олии аттестатсионӣ иттилоъ дода шуд.

«Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар саҳифаи аввали як китоби таълимие, ки ҳаҷман хурд аст, номи 4 муаллиф навишта шудааст. Ин амал шояд аз мантиқ берун бошад. Ва ё ҳоло муаллифоне ёфт мешаванд, ки матнҳоро аз забони русӣ тарҷума карда, худро мутарҷими матн неву муаллифи он менависанд, ки ин амалҳои онҳо, албатта, водор месозад, то ин гуна китобҳо аз санҷиш гузаронида шуда, шаффофият таъмин карда шавад»,- таъкид гардид дар нишаст.

Дар Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон барои муайян намудани асолати диссертатсияҳои воридшуда аз барномаи компютерии «Антиплагиат» васеъ истифода бурда мешавад. Ин барнома имкон дод, то ҳолатҳои зиёди асардуздӣ ошкор карда шаванд.

Масъулин тазаккур доданд, ки қаблан натиҷаҳои гуногуни санҷиши диссертатсияҳо тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат»-и Комиссия аз як тараф ва муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат аз сӯйи дигар боиси ба миён омадани баҳсу норизоии зиёд гардида, ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфта буд.

Комиссия дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тибқи хоҳишу дархости довталабон санҷиши диссертатсия ва ё авторефератро тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат»-и Комиссия тариқи онлайн ба роҳ монад.

Ҳоло ин раванд идома дорад ва натиҷаи асолати диссертатсияҳо назар ба солҳои пеш хеле беҳтар шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2023 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд