Мақомоти Зеландияи Нав ҳолати фавқулодаро дар саросари мамлакат тамдид карданд

Февраль 15, 2023 10:44

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Зеландияи Нав барои рафъи пайомадҳои тӯфони тропикии Габриэл ҳолати фавқулодаро дар саросари мамлакат тамдид карданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе вазири идораи ҳолатҳои фавқулода Киран Мак Эналти изҳор даштааст.

«Ҳукумати Зеландияи Нав бо мақсади ташкили рафъи оқибатҳои тӯфони Габриэл (13 феврал дар қаламрави мамлакат рух дода буд — ТАСС) дар мамлакат вазъияти фавқулода эълон намуд. Дар таърихи Зеландияи Нав бори сеюм аст, ки чунин вазъият дар саросари кишвар ба амал омадааст»,- таъкид намуд вазир дар изҳороте, ки дар сомонаи ҳукумат нашр гардидааст.

Ба гуфтаи сардори идора, ин тадбир ба мақомот имкон медиҳад, ки минтақаҳои аз офати табиӣ бештар зарардида бо захираҳои иловагӣ таъмин гарданд ва номгӯи тадбирҳои таъхирнопазири рафъи оқибатҳои онро муайян кунанд.

Қаблан дар аксари ҷазираҳои шимолии Зеландияи Нав вазъияти фавқулода эълон шуда буд. Бар асари тӯфони Габриеэл тақрибан 18,5 ҳазор хона дар бузургтарин шаҳри Окленди мамлакат ва атрофи он бе барқ ва алоқа монданд, нақлиёти ҷамъиятӣ, қатораҳои шаҳрӣ ва фурудгоҳ аз ҳаракат монданд. Дар минтақа бисёр мактабҳо, боғчаҳои бачагон, китобхонаҳо ва муассисаҳои варзишӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2023 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид