Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар Туркия ҷасади чор нафарро аз зери харобаҳо берун оварданд

Февраль 10, 2023 16:13

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ҷасади чаҳор нафарро аз зери харобаҳо берун оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷустуҷӯ ҳангоми ҳаракат дар шароити аз харобаҳо банд будани атроф наҷотдиҳандагон ҳарчи зудтар сӯрохи махсус месозанд, то ба макони ҷустуҷӯи пешакӣ ворид шаванд. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, субҳи барвақти 10 феврал наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии зарардидагони заминларзаи шадид оғоз намуданд.

«Дар айни ҳол 40 нафар наҷотдиҳандагон ба таҳқиқ ва бартарафсозии харобаҳои биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот машғул мебошанд. Наҷотдиҳандагони тоҷик барои анҷом додани рисолати касбии худ бо масъулияти баланд дар иҷрои кор мебошанд, зеро дар шароити чунин фалокати табии барои наҷот додан ва кумак расондан ба зарардидагон ҳар лаҳза нақши бузург мегузорад. Онҳо барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар зери харобаҳо аз воситаҳои махсуси техникӣ истифода мебаранд»,- гуфта шудааст дар хабар.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2023 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд