НАСЛИ ОЯНДАСОЗ. Ҷавонон такягоҳи давлат буда, тарбияи онҳо масъулияти баланд аст

Февраль 19, 2023 14:30

ДУШАНБЕ, 19.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонон ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор доранд, зеро онҳо насли оянда ба ҳисоб мераванд ва давлат барои ҳарчи бештар дар қалбу рӯҳу равони онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу таърих ва тамаддуни миллӣ талош мекунад. Воқеан ҳам ҷавонон такягоҳии асосии давлат маҳсуб ёфта, дар ҳама давру замон, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа нақши бориз доранд. Дар ҷомеаи имрӯза дар кору пешбурди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим ба назар мерасад. Ин қишри ҷомеа дорои афкору андешаҳои тоза буда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки неруи ҷавонон мамлакатро сӯи ободӣ ва шукуфоӣ мебарад.

Тавре сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии мамлакат Зуҳуриддин Асрорзода мегӯяд, омили муҳимтарине, ки Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути он ба пиндори ҷавонон эътимод кардаанд, ҳисси баланди меҳанпарастӣ, нангу номуси ватандорӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, худогоҳӣ ва ғурури хоси озодихоҳона мебошад.

«Дарвоқеъ, имрӯз ҷавонон аз ҳуқуқҳои зиёд бархӯрдоранд, аз ҷумла ҳуқуқ ба идоракунӣ, иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ва фаъолияти гуногуни ҷамъиятӣ, ки ҳамаи ин дар Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нишон дода шудааст. Масалан, тибқи муқаррароти Конститутсия ҷавонон метавонанд аз 18-солагӣ интихоб шаванд ва интихоб кунанд. Аз 25-солагӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ҳуқуқи интихоб шудан доранд, ки бешак яке аз омилҳои калидӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин яке аз иқдомҳои беназиру бориз ин аст, ки ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани фаъолият ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон таъкид карда мешавад», — мегӯяд Зуҳуриддин Асрорзода.

Дар ин замина ҷомеашиносон мегӯянд, имрӯзҳо фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад, зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари неруи демократии ҷомеа ва давлат хусусияти таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи мамлакатро муайян месозад.


Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тақвияти худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба корҳои созандагиву ободонӣ ва таҳсили хубу интизоми намунавӣ махсус таъкид гардида, бо назардошти иҷрои талаботи «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2023-2027» ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор дастури мушаххас дода шуд. Дар ин радиф, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид, ки «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».

Дар маҷмӯъ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар ҷомеаи муосир ҳадафи басо арзишманд буда, барои баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба давлату миллат дучанд мегардад. Аз ин рӯ, барои рушди бештари Тоҷикистон ҷавононро месазад, ки дар пайгирӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият карда, дар шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи дастовардҳои давлат ва таъмини амнияти миллӣ бештар кӯшиш намоянд.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2023 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024» интихоб гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 январ, чоршанбе, 15-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар Харбин пойгаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд
Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Эстония беш аз 17 ҳазор хона бар асари номусоид шудани ҳаво бе барқ монданд
Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
МегаФон Тоҷикистон: «Интернет барои хона» ҳудудро ду баробар васеъ намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад