НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон факултаи «Гӯштини миллӣ» таъсис меёбад

Февраль 9, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба мақоми байналмилалӣ касб кардани гӯштини миллии тоҷикӣ бо пешниҳоди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии гӯштингирӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов имсол факултаи «Гӯштини миллӣ» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус Ректори донишкадаи мазкур Шодӣ Сафар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки имсол ҳамчунин дар шаҳри Твери Русия Чемпионати гӯштини миллии тоҷикӣ гузаронида мешавад.

Дар нишаст тазаккур дода шуд, ки аз 1 то 3 марти соли равон Мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштин баргузор мегардад. Дар он донишҷӯёни донишкада ва гӯштингирон аз гӯшаву канори мамлакат метавонанд иштирок намоянд, зеро мақсад аз баргузор кардани он интихоб намудани гӯштингирони бомаҳорат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.

Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор шуд. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад