НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли гузашта 770 ҳолати вайрон намудани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон 770 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуд. Чунин таъкид намуд Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон.
Ба гуфти Сулаймон Давлатзода, қонуншиканӣ вобаста ба ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (681) 89 ҳолат бештар мебошад.
«Кумита дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қарорҳо, инчунин фармоишҳои Ҳукумати мамлакат ба роҳ монд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, дар маҷмӯъ 4058 адад иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, фаъолият намуда истодаанд», — илова кард Раиси Кумита.
Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Кумита дар асоси 465 дархост 54 060 номгӯй адабиёти динӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ, 13264 адад варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, инчунин 370 адад фитта, 47 адад телефони мобилӣ, 3 адад флешкорт, 3 ноутбук ва 1 адад протсессори дорои 16389 адад сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дода шуд. Аз ин теъдод ба 274 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротӣ хулосаи манфӣ ва ба 191 дархост хулосаи мусбат дода шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






