Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Таслияти амиқи маро дар робита ба талафоту ҷароҳат бардоштани одамон ва хисороти зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Дар ин лаҳзаҳои мушкил хоҳишмандам аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба тамоми пайвандону наздикони ҷонбохтагон суханони ҳамдардиву ҳамбастагӣ ва таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».








Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






