Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Салом алайкум
Хабари кушта ва маҷрӯҳ шудани теъдоде аз мардуми азизи Тоҷикистон бар асари фуромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моро сахт андӯҳгин кард.
Зимни ибрози таслияти ин воқеаи ҷонсӯз ба Ҷаноби Олӣ, мардуми кишвари бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Худованди мутаол барои даргузаштагон раҳмати фаровон ва барои бастагон сабру шакибоӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил ва комил орзу менамоям»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Бишкек сафар карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Норвегия Хокон VIII барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд






