Офатҳои табиӣ дар Америка соли 2022 миллионҳо одамонро бе сарпаноҳ гузоштанд

Февраль 16, 2023 16:50

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка миллионҳо нафар аз тӯфон, обхезӣ ва сӯхтор зарар дида, ба иқтисод дар ҳаҷми миллиард доллар зарар расидааст, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба NBC News.

Мувофиқи иттилои Бюрои барӯйхатгирии аҳолӣ, офатҳои табиӣ дар Штатҳои Муттаҳида тақрибан 3,4 миллион нафарро маҷбур сохтанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

Тақрибан 40% давоми ҳафта ба хонаҳои худ баргаштанд, тақрибан 16% ба ҷойҳои қаблии истиқомати худ барнагаштанд ва 12% барои беш аз 6 моҳ кӯчонида шуданд.

Шумораи зиёди зарардидагон дар штатҳои Флорида — 888 ҳазор, Калифорния — 387 ҳазор, Луизиана — 368 ҳазор, Техас — 292 ҳазор, Ню — Ҷерси — 108 ҳазор ва Массачусетс — 105 ҳазор нафар буданд.

Маъмурияти миллии таҳқиқотии уқёнусӣ ва фазоӣ баён кард, ки ҳар яке аз 18 ҳодисаи фавқулодаи обу ҳаво ба қадри 1 миллиард доллар зарари иқтисодӣ расонидааст.

Коршиносони иқлим ҳушдор медиҳанд, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҷаҳонӣ офатҳои шадиди обу ҳаворо интизор шудан зарур меояд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Ricardo Arduengo / AFP via Getty Images

Февраль 16, 2023 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд