ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ. Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир карда шуд

Февраль 8, 2023 17:41

ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар шаҳри Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем»  баргузор гардид. Дар он гирандагони стипендияи президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод ва Роғун иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода хабар дод.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид шуд, ки таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ояндасоз, яъне ҷавонон рӯз аз рӯз афзун гардида,  намунаи олитарини ин таваҷҷуҳ  имтиёзҳо, аз ҷумла таъсиси стипендияи  президентӣ ба хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки соли 2022 теъдоди стипендия аз 400 нафар  ба 3000 нафар  дар ҷумҳурӣ расонида ва маблағи он низ боло бурда шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби гирандагони стипендияи президентӣ ба Президенти Тоҷикистон барои қадрдонии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ карда шуд. Дар охир аз ҷониби масъулин  ба таври тантанавӣ  ба гирандагони стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағи стипендия супорида шуд.

Аз ҷавонон даъват карда шуд, ки ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар омӯзишу  фаъолияти ҷамъиятӣ намунаи ибрат нишон дода,  ҳамеша фаъол бошанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 8, 2023 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид