ПАЁМ-АСОСИ РУШДИ ҶОМЕА. Андешаҳои Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус

Февраль 8, 2023 15:48

ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022  таъкид карда шуд, ки «соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ соли бобарор буд». Ин нукта моро водор месозад, ки ҳама рӯйдодҳои соли 2022-ро дар зеҳни хеш рӯшан намоем. Бо баррасию таҳлил дармеёбем, ки соли 2022 воқеан ҳам барои мардуми шарифи мо соли пурфайзу бобаракат буд. Чунин ибрози андеша намудааст Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Барно Саидвализода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардид.

Идомаи нигоштаҳои муаллиф манзури хонандагон гардонида мешаванд:

— Дар замоне, ки вазъи ҷаҳон ҳар лаҳза тағйир меёбад ва гурӯҳҳои манфиатдор бо корбурд аз василаҳои гуногун саъй бар он доранд, ки дар кишварҳо ва фаротар аз он дар минтақаҳо бо ноором намудани вазъ манфиат ҷӯянд, пойдор нигоҳ доштани оромиву осудагӣ, сулҳу субот ва гузашта аз ин, ба сӯйи ободию сарсабзӣ устуворона гом ниҳодан, бидуни шак, беҳтарин неъмат аст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои онҳо бо овардани далелу санад ба таври  мушаххас таъкид гардиданд. Мусаллам аст, ки рушду пешравии ҳар давлат аз сатҳи маърифати аҳолии он вобастагӣ дорад.  Аз ин ҷост, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва масъалаҳои марбут ба он дар мадди аввал қарор гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар панҷ соли гузашта «… аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст».

Ин таъкиди Пешвои миллат  дар зеҳн ин андешаро бедор менамояд, ки дарвоқеъ чунин пешравӣ барои ҳар давлати  рӯ ба рушд дастоварди бузург аст. Роҳбари давлат ба мақоми баланди мактаб ва омӯзгор ишора намуда, ҳушдор доданд, ки агар ин ду набошанд, маърифат ба фаромӯшӣ рафта, ҷаҳолат боло мегирад ва оқибати он барои ҷамъият фоҷеабор хоҳад буд.  «… агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат маориф ва тандурустиро  соҳаҳои асосӣ ва калидӣ дониста, ҷиҳати  рушди босуботи ин соҳаҳо минбаъд низ ҳамаҷониба кӯшиш менамояд. Президенти муҳтарами Тоҷикистон  ба масъалаи музди маоши кормандони соҳа таваҷҷуҳ намуда, супориш доданд, ки музди маоши кормандони соҳаи маориф, илм ва стипендияҳо аз 1 июли соли 2023 ба миқдори 20% баланд бардошта шаванд.

Муҳайё кардани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи оливу умдаи давлат ва Ҳукумати мамлакат  мебошад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва муҳайё кардани шароити мусоид замина фароҳам овард, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол то сол беҳтар гардад. Паёми навбатӣ ҳар сокини мамлакатро дилпур намуд, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, ӯро зиндагии беҳтар дар пеш аст. Роҳбари давлат вобаста ба масъалаи мавриди назар таъкид намуданд, ки барои роҳандозии амалкарди муносиб дар ин самт «… Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд».

Дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сол то сол ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар  меафзояд. Соли 2022 низ ин раванд идома ёфта, ба ин самт 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Бо мақсади таъмини минбаъдаи шароити мусоиди зиндагии ин қишри ҷомеа Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрвандони эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон,  маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шавад.

Муяссар гардидани Истиқлоли давлатӣ дар баробари бахши давлатӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси коргоҳҳои хусусӣ дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо корхонахои хурди хусусӣ таъсис ёфтанд, ки ба ин васила ҳам сатҳи бекорӣ коҳиш ёфт ва ҳам иқтисоди хонаводагии аҳолӣ беҳтар шуда, буҷаи давлат ғанитар гардид. Барои соҳибкорони ватанӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки дар баланд бардоштани сатҳи иқтисоди мамлакат ва ободтару зеботар гардонидани давлати азизамон саҳм гузоранд.

Президенти мамлакат ба ин масъала ишора намуда, ёдовар шуданд, ки «танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шуд». Ҳамчунин Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намояд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ба он ишора гардид, ин мақом ва ҷойгоҳи зан-модар дар ҷомеа буд. Мусаллам аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҷалби духтарон ба таҳсил ва соҳибмаълумот гардонидани онҳо тадбирҳои назаррасу бесобиқа андешида  шуданд.  Имрӯз соҳае нест, ки занону духтарони мо дар он фаъолият накунанд. Бидуни шак, дар  даврони соҳибистиқлолӣ мақоми бонувон дар ҷомеа боло рафт ва ҳамсола бештар аз пештар ҷиҳати ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Роҳбари давлат бонувонро дар ҷомеа қувваи бузург арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки «мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Мо ба нақши занмодар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба ҷавонон беназир аст. Ҷавононро неруи ояндасоз ва захираи стратегии миллӣ дониста, барои фарогирии онҳо ба таҳсил, соҳиби касбу ҳунар гардидан, бо ҷойи кор таъмин намудан ва ҳатто таъйини онҳо ба вазифаҳои масъул пайваста ғамхорӣ зоҳир месозанд. Таъкид намуданд, ки аз ҷавонони мамлакат ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушду густариши давлат ва ободии ватани азизамон саҳм мегузоранд, марзу буми давлати азизамонро ҳимоя мекунанд, бонангу номус ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Дар самти роҳандозии сиёсати ҷавонон минбаъд низ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ хоҳанд шуд.  Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат ёддовар шуданд, ки «мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро қабул намудем».

Сарвари давлат ба вазъи ноороми ҷаҳон дахл намуда, бори дигар ҳушдор доданд, ки таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо шиддат гирифта, оғози марҳалаи «ҷанги сард» муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни давлатҳоро халалдор кард.  Таъкид гардид, ки  гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо корбурд аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф барои гумроҳсозии  ҷавонони ноогоҳ ва ҷалби онҳо ба сафҳои худ пайваста талош мекунанд.

Сарвари давлат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд. Воқеан ҳам, ин масъала хеле нигаронкунанда аст ва набояд касеро бетараф гузорад. Зеро тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ барои амнияти ҷомеаи башарӣ хатари бузург эҷод мекунанд. Ҳамин аст, ки хушбахтона, дар давлати мо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби дигар ниҳодҳо бо додани баҳои дуруст ба ин хатар ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ба чунин азҳобу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ намуда, дар самти таъмини амнияти ватани азизамон хидмати бузургро анҷом медиҳанд. Тақозо мешавад, ки дар мубориза бо ин гуна гурӯҳҳову ҳизбҳову ташкилот пайваста тадбирҳои мушаххасу боровар андешида шаванд. Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат супориш доданд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Воқеан ҳам, ҷиҳати муқовимат ба ҳуҷумҳои иттилоотии муташаккилона ба муқобили давлати  азизи мо, ки солҳои охир роҳандозӣ гардидааст, таъсиси чунин марказ тадбири сарвиақтӣ ва ногузир аст.

Ҳанӯз аз ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ давлати тозабунёди мо дар самти муносибат бо дигар давлатҳо сиёсати «дарҳои кушода»-ро  эълон намуд. Чунин иқдом таваҷҷуҳи тамоми давлатҳои ҷаҳонро ҷалб намуда, дар муддати кӯтоҳ ҳамкории барои тарафҳо судмандро бо Тоҷикистон ба роҳ монданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад».

Дар фароварди Паём муҳтарам Пешвои миллат мардуми шарифи давлати азизамонро ба муносибати як рӯйдоди таърихии соли 2022, яъне пазируфта шудани ибтикори панҷуми Тоҷикистон аз сӯйи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли ҳифзи пиряхҳо» ва қабул шудани рӯзи 21 март ҳамчун «Рӯзи пиряхҳо» самимона табрику таҳният гуфтанд. Воқеан ҳам, ҷойи ифтихор аст, ки дар солҳои  соҳибистиқлолӣ панҷ ташаббуси ҷониби Тоҷикистон  дар робита  ба масъалаи об ва иқлим аз тарафи бузургтарин  ниҳоди байналмилалӣ, яъне СММ қобили қабул дониста шуд, ки бидуни шак, эътибори ҷумҳуриамонро дар байни дигар давлатҳо боз  ҳам боло бурд. Мояи сарфарозии ҳар сокини мамлакати азизамон аст, ки ҷумҳурии  мо дар ин самт дар байни  дигар давлатҳои ҷаҳон пешгом аст.

Бо бардошт аз муҳтавои фарогир бо итминон метавон таъкид кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар сокини шарафманди мамлакат паёме буд аз дирӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар, ки мебояд онро ба сифати дастури воло ва муфиду созандаву роҳнамо дар кору зиндагии  ҳамарӯзаи хеш сармашқ қарор бидиҳем.

Барно САИДВАЛИЗОДА,
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқшиносӣ

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2023 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус