Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи умумии омодагии лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95% расида, дар айни замон сохтмону васлкунӣ ва таҷдид дар иншооти инфрасохтори обёрии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷайҳун босуръат идома дорад. Навсозии ин иншооти муҳим фаъолияти устувори системаро таъмин намуда, шароити интиқоли оби полезиро ба заминҳои кишоварзӣ беҳтар мегардонад.
То имрӯз дар доираи ин лоиҳа корҳои асосии навсозии панҷ пойгоҳи обкашӣ анҷом дода шудаанд. Дар ин замина 34 агрегати обкашӣ бо насб ва пайваст намудани таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, зиёда аз 5 километр қубурҳои обгузар иваз карда шуданд. Инчунин биноҳои пойгоҳҳои обкашӣ таҷдид ва корҳои барқарорсозии конструксияҳои сохтмонӣ, бетонрезӣ ва васли таҷҳизоти нав иҷро гардидаанд.
Дар айни замон корҳои омодасозӣ, боркунӣ ва интиқоли сангҳои калонҳаҷм ба қитъаи ПК-401 дар ноҳияи Дӯстӣ идома дошта, масофаи интиқоли онҳо дар як самт 42 километрро ташкил медиҳад. Ҳамзамон васли 6 дарғот дар қитъаи ПК-601 ва 11 дарғот дар пойгоҳи обкашии №3 дар ноҳияи Ҷайҳун идома дорад.
Ҳамаи ин корҳо ба барқарорсозӣ ва навсозии иншооти асосии инфрасохтори обёрии канали Қумсангир равона шудаанд. Таҷдиди таҷҳизоти обкашӣ, қубурҳо ва иншооти гидротехникӣ ба кишоварзони ноҳияҳои мазкур имкон медиҳад, ки заминҳояшонро бо оби полезӣ таъмин кунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






