Президенти Сурия Башор Асад ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона изҳори сипос намуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор Асад Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сурия Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот паёми таслияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бино ба заминларзаи шадид дар ин кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим гардид.
Дар навбати худ Башор Асад аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи густариш ва аз нав тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешаванд.
Кумакҳои башардӯстона аз 50 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат хоҳанд буд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






