Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. 6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Бонкро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона шудаанд, баланд арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки тайи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Бонки исломии рушд дар кишвари мо силсилаи лоиҳаҳои муҳимро амалӣ гардонидааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз шашсаду бист миллион долларро ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз буҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мо, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табииро, ки дар аксар маврид боиси хисороти зиёди иқтисодиву молӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегарданд, муҳокима намуданд.
Мусоидат ба рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, иншооти соҳаи энергетика, барқарорсозии низоми обёрӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои дигари ҳамкории судманди ду ҷониб номида шуданд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






