Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо вазъи таъмини сокинони ноҳияи Мурғоб бо маводи озуқаворӣ ва сӯзишворӣ шинос гардид
ХОРУҒ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни боздиди корӣ дар ноҳияи Мурғоб аз Ҷамоати деҳоти Аличур дидан карда, бо вазъи бозори истеъмолӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворию сӯзишворӣ ва молҳои мавриди ниёзи аввал аз наздик шинос шуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Сокинони ин ҷамоати баландкӯҳи ҷумҳурӣ бо кӯшиши соҳибкорони маҳаллӣ ва мусоидати Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи зарурии рӯзгор пурра таъмин мебошанд. Гарчанде зимистони имсола сардиҳои тӯлонӣ дар пай дошт, аммо кормандони ин агентии давлатӣ аз тамоми имконият истифода намуда, ҳамаи анборхонаҳои ҷамоатро сари вақт бо маводи хӯрокворӣ таъмин намуданд.
Пас аз шиносоӣ бо вазъи иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Аличур раиси вилоят бо сокинони маркази ноҳия мулоқот намуда, изҳор дошт, ки “имрӯз бо шарофати сиёсати пайгиронаю дурандешона ва инсондӯстонаи Президенти Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳилаи нави рушди бевоситаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардид.
Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорию соҳибкории «Помиринвест-2022» созишномаҳо ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ ба имзо расида, дар чаҳорчӯби ин тафоҳумномаҳо 12 лоиҳа бо сармояи 16 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Дар 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 665 миллион сомонӣ корҳои бунёдӣ идома доранд. Корхонаи ғанигардонии нуқраи мавзеи Якҷилваи ноҳияи Мурғоб низ шомили ин лоиҳа мебошад.
Роҳбари вилоят ҳамчунин дар мавриди ухдадориҳои давлатӣ оид ба сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, нафақа ва дигар намуди пардохтҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз дошт, ки пасандозҳои сокинони вилоят дар филиалҳои бонкҳои амалкунанда 2.2 фоиз нисбат ба 1 соли пеш афзоиш ёфтаанд. Дар заминаи эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат диққати асосӣ ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ равона гардида, давоми соли гузашта дар вилоят 27 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 200 чойи нави кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ 93 нафар бошандагони ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ тиллои пошхӯрдаро ба хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуданд.
Дар мавриди бештар намудани дастрасии аҳолӣ ба энергияи “сабз” роҳбари вилоят афзуд, ки корҳои бунёдӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” ба маблағи 63,8 миллион сомонӣ анҷом дода шудаанд. Тасмим гирифта шудааст, ки шурӯъ аз баҳори соли равон дар ноҳияи Мурғоб барномаҳои нави бунёди неругоҳҳои барқию офтобӣ ва бодӣ оғоз карда шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






