Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо вазъи таъмини сокинони ноҳияи Мурғоб бо маводи озуқаворӣ ва сӯзишворӣ шинос гардид

Февраль 13, 2023 22:00

ХОРУҒ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни боздиди корӣ дар ноҳияи Мурғоб аз Ҷамоати деҳоти Аличур дидан карда, бо вазъи бозори истеъмолӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворию сӯзишворӣ ва молҳои мавриди ниёзи аввал аз наздик шинос шуд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Сокинони ин ҷамоати баландкӯҳи ҷумҳурӣ бо кӯшиши соҳибкорони маҳаллӣ ва мусоидати Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо маводи зарурии рӯзгор  пурра таъмин мебошанд. Гарчанде зимистони имсола сардиҳои тӯлонӣ дар пай дошт, аммо кормандони ин агентии давлатӣ аз тамоми имконият истифода намуда, ҳамаи анборхонаҳои ҷамоатро сари вақт бо маводи хӯрокворӣ таъмин намуданд.

Пас аз шиносоӣ бо вазъи иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Аличур раиси вилоят бо сокинони маркази ноҳия мулоқот намуда, изҳор дошт, ки  “имрӯз бо шарофати сиёсати пайгиронаю  дурандешона ва инсондӯстонаи Президенти Тоҷикистон-Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳилаи нави рушди бевоситаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардид.

Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорию соҳибкории «Помиринвест-2022» созишномаҳо ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ ба имзо расида,  дар чаҳорчӯби ин тафоҳумномаҳо  12 лоиҳа  бо сармояи 16 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Дар 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 665 миллион сомонӣ  корҳои бунёдӣ  идома доранд. Корхонаи ғанигардонии нуқраи мавзеи Якҷилваи ноҳияи Мурғоб низ  шомили ин лоиҳа мебошад.

Роҳбари вилоят ҳамчунин дар мавриди ухдадориҳои  давлатӣ  оид ба сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, нафақа ва дигар намуди пардохтҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  иброз дошт, ки  пасандозҳои сокинони вилоят дар филиалҳои бонкҳои амалкунанда 2.2 фоиз нисбат ба 1 соли пеш  афзоиш ёфтаанд. Дар заминаи  эълон гардидани ҳадафи чоруми  миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат диққати асосӣ ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ равона гардида, давоми соли гузашта дар вилоят 27 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 200 чойи нави кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи  амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули  худфаъолӣ  ва худбиёрӣ 93 нафар бошандагони ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз  ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ тиллои пошхӯрдаро  ба хазинаи  сарватҳои  давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуданд.

Дар мавриди бештар намудани дастрасии аҳолӣ ба энергияи “сабз” роҳбари вилоят афзуд, ки корҳои бунёдӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” ба маблағи 63,8 миллион сомонӣ анҷом дода шудаанд. Тасмим гирифта шудааст, ки  шурӯъ аз баҳори соли равон  дар ноҳияи Мурғоб барномаҳои нави бунёди неругоҳҳои барқию офтобӣ ва бодӣ оғоз карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар

Февраль 13, 2023 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад